ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИҶЛОСИЯИ 70-УМИ КОНФРОНСИ ГЕНЕРАЛИИ АБНА ИШТИРОК МЕНАМОЯД
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазирати корҳои хориҷӣ Нигина Ализода дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) иштирок менамояд, ки ба 70-солагии таъсиси Агентӣ (1957) бахшида шудааст.
Агарчанде дар ҳамоиш масъалаҳои асосии амнияти ядроӣ ва истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ баррасӣ мешаванд, Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаи экологӣ ва бехатаргардонии объекти мероси саноати уран дар минтақаи Осиёи Марказӣ зоҳир мекунад. Дар доираи чорабиниҳои канорӣ (Side Event) роҳҳои баҳамии амри корҳои барқарорсозӣ ва ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои ҳалли оқибатҳои саноати уран мавриди муҳокам қарор мегиранд.
Дар кори ҳамоиши муҳими байналмилалӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода иштирок менамояд.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода шомил мебошанд.
Иҷлосияи имсолаи Конфронси генералии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) хусусияти ҷашнӣ дошта, 70-умин ҳамоиши пайдарпайи солонаи давлатҳои аъзои Агентӣ аз замони таъсиси он дар соли 1957 ба ҳисоб меравад. Дар ҷараёни иҷлосия намояндагони воломақоми давлатҳои аъзо масъалаҳои калидии истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ, амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, амнияти ҷисмонии маводи ядроӣ, низоми кафолатҳои паҳн накардани силоҳи ядроӣ, ҳамкории техникӣ ва истифодаи технологияҳои ядроиро ба манфиати рушди устувор баррасӣ менамоянд.
Иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Конфронси генералии АБНА идомаи мантиқии сиёсати созанда ва дурбинонаи давлат дар самти таҳкими сулҳу субот, амнияти байналмилалӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи технологияҳои муосир ба манфиати рушди устувор мебошад.
Дар заминаи мазкур, сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои амнияти экологӣ, ҳифзи захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва таъмини рушди устувор аҳаммияти махсус медиҳад.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, ба ташаккули рӯзномаи нави байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти экологӣ мусоидат менамоянд.
Дар ҳамин радиф, масъалаи таъмини амнияти радиатсионӣ ва экологии минтақаҳои дорои мероси саноати уран низ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ барои Осиёи Марказӣ аҳаммияти хос дорад. Объектҳои боқимонда аз фаъолияти собиқи истихроҷ ва коркарди уран метавонанд ба муҳити зист, захираҳои об ва саломатии аҳолӣ таъсири фаромарзӣ дошта бошанд ва ҳалли онҳо ҳамкории дарозмуддати байналмилалиро тақозо менамояд.
Дар доираи иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии АБНА баргузории чорабинии махсуси канорӣ (Side Event), бахшида ба масъалаҳои барқарорсозии экологӣ ва бехатаргардонии объектҳои мероси уранӣ, низ пешбинӣ шудааст.
Дар ин чорабинӣ масъалаҳои идомаи корҳои барқарорсозӣ дар объектҳои мероси уранӣ, таъмини амнияти дарозмуддати радиатсионӣ ва экологӣ, мониторинги баъди барқарорсозӣ, таҳкими иқтидори миллии давлатҳои минтақа ва ҷалби бештари шарикони байналмилалӣ ва донорҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Баргузории чунин чорабинӣ имконият фароҳам меорад, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати идомаи корҳои муштарак дар самти рафъи оқибатҳои фаъолияти собиқи саноати уран дар Осиёи Марказӣ ҷалб гардида, ҳамкории давлатҳои минтақа бо АБНА ва дигар шарикони байналмилалӣ тақвият ёбад.
Мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин масъала бо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи пиряхҳо, захираҳои об, муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлим ҳамоҳанг буда, ба як ҳадафи умумӣ — ҳифзи муҳити зист ва таъмини шароити бехатару устувори зиндагӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда равона гардидааст.
Интизор меравад, ки дар ҳошияи Конфронси генералӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти АБНА, намояндагони давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ мулоқот намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории техникӣ, татбиқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ, рушди инфрасохтори амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, истифодаи технологияҳои ядроӣ дар соҳаҳои тиб, илм, кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин ҷалби дастгирии байналмилалӣ барои татбиқи афзалиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намояд.
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии АБНА бозгӯи мавқеи фаъоли мамлакат дар низоми ҳамкории байналмилалӣ ва талошҳои пайгиронаи он барои истифодаи дастовардҳои илм ва технологияҳои ядроӣ танҳо бо ҳадафҳои осоишта, таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.